Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфта,  дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи таъғирнопазиру устувори кишвари мо таъкид дошт, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар баробари дигар бахшҳои афзалиятнок муҳимтарин омили густариши равобити дуҷониба мебошад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчуби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзур кардани иқтидори мудофиавии нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шавад. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.