Дар Рӯзи ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон - 6 ноябр дар маркази таълимии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии 85 нафар прапоршикҳои ҷавон доир гардид, ки ба сафҳои марзбонони ҷумҳурӣ мепайванданд.

«Прапоршикҳои ҷавон баъди хатми давраҳои омӯзишии махсус савганд ёд карда, ба хизмати минбаъда дар посгоҳу дидбонгоҳҳои дурдасти ҷумҳурӣ таъинот гирифтанд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари прапоршикҳои ҷавон ҳамчунин 370 нафар наваскарони Қушӯнҳои сарҳадӣ низ ба адои қарзи ҳарбӣ ва хизмат ба Ватан савганд ёд карданд.

Прапоршикҳои ҷавон ва наваскаронро бо қабули савганд фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, марзбонони собиқадор ва волидони онҳо табрику таҳният гуфтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.