Тамринҳои низомии зиддитерористии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) давоми рӯзҳои 10-20 ноябр дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар тамринҳои яквақта дар панҷ машқгоҳи вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгиранд, воҳидҳо ва қисмҳои низомии ҳамаи кишварҳои узви СААД- Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» марҳилаи хотимавии тамринҳои низомӣ доир мегардад, ки  ки ба он авиатсия ва артиллерия сафарбар ва ҳудуди 5 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз Қазоқистон дар размоиш воҳиди авиатсияи қиркунандаи Су-27 ва якчанд гурӯҳҳои иктишофӣ, аз Русия низ миқдори зиёди техникаву ҳайати шахсӣ иштирок карда, воҳиди бузургтарини ҳарбии ин тамринҳо аз Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД соли 2009 таъсис ёфта, ба ҳайати он воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии беҳтарини зудамали артишҳои кишварҳои узви САДД дохил мешаванд. Ин нерӯҳо бо аслиҳаву техникаи ҳарбии муосир таъмин буда, ба ҷуз воҳидҳои сирф низомӣ, ҳамчунин аз нерӯҳои таъиноти махсуси воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ (пулис), мақомоти амният ва хадамоти махсус, хадамоти ваколатдори соҳаи огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ низ иборатанд. Шумори умумии ҳайати шахсии нерӯҳо беш аз 17 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябр воҳидҳои бригадаи тирандозии «сабук»-и Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, ки аз Поволже ба Тоҷикистон партофта шуданд, бори нахуст дар мавзеи кӯҳу саҳро тамринҳои низомӣ баргузор карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.