Шоми рӯзи 8 ноябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафҳои ҚувваҳоиМусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба иҷро расид.

Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикиситон полковник Фаридун Маҳмадализода, аллакай пайдарпай муддати се сол аст, ки ҳамаи ноҳияҳои пойтахт иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро пеш азмуҳлат иҷро мекунанд ва ин гувоҳи он аст, ки «тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар шаҳр мутобиқи дастурҳои президенти Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст».

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз нақшаи даъват дар ВМКБ - 98%,  вилояти Суғд - 97%, Хатлон - 94% ва ноҳияҳои тобеи марказ - 84% ба иҷро расида, дар саросари кишвар иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беш аз 94%-ро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пеш аз муҳлат - то 15 ноябр ба нақша гирифтааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.