Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Панҷакент наздики 5 кило маводи таркандаи тротил дарёфт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ кормандони ин ниҳод дар водии Зарафшон дар зери сангҳои куҳӣ дар наздикии кули Ҳушёрӣ деҳаи Рашнаи болои ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент як адад борхалтаи сафед дарёфт кардаанд.

Гуфта мешавад, зимни азназаргузаронӣ дар дохили борхалтаи мазкур ба миқдори 4750 грамм маводи таркандаи тамғаи тратил, 20 адад пистонҳои таркишдиҳанда ва ду адад ресмонҳои таркишдиҳанда дарёфт гардида, тибқи маълумотномаи экспертӣ, маводҳои дарёфтшуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида маводҳои лозимӣ ҷамъоварӣ карда шуда, айни замон санҷиш идома дорад.