Дар размоиши Нерӯҳои зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Тоҷикистон шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Русия машқгоҳи душмани эҳтимолиро ба мушаки нав нобуд карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, мушакҳо аз машқгоҳи Лоҳур партоб шуда, дар масофаи беш аз 130 километр дар мавзеи ҳаммарз бо Афғонистон, дар машқгоҳи Ҳарбмайдон ба нишон расидааст.

Дар тамринҳои низомии бузургмиқёси зиддитеррористӣ, ки дар 5 машқгоҳ ва мавзеи биёбону кӯҳистони Тоҷикистон то 20 ноябр ҷараён гирифт, беш аз 5 ҳазор хизматчиёни ҳарбии кишварҳои узви СААД, бо шумули Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон иштирок ва зиёда аз 1,5 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ ва бори нахуст беш аз 60 адад чархболу ҳавопаймоҳо сафарбар шуданд.