Дар ҳошияи гуфтушунидҳои дуҷонибаи роҳбарони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ дар Маскав котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи сохторҳои амнияти кишварҳоро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти Русия, зимни мулоқот ҷонибҳо ба нияти густариши ҳамкориҳо дар маҷмӯи васеи масоили марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва байнулмилалӣ ба манфиати ҳарду кишвар изҳори назар карданд.

Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ миёни Шӯроҳои амнияти Русия ва Озарбойҷон, Русия ва Беларус ва ҳамчунин Русия ва Ӯзбеккситон Нақшаи ҳамкорӣ ба имзо расид.