Бо қарори Додгоҳи Олии Юнон як узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тавассути Интерпол дар фурудгоҳи Атен боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод намешавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Додгоҳи олии Юнон дар қарори худ гуфтааст, ки бино ба сабаби дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияи Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим)-и 57-сола, ӯро ба ватан истирдод намекунад. Қозии додгоҳ Кузовро аз толори додгоҳ озод кард ва иттиҳоми ворида алайҳи Кузовро беасос донист. Дар ин мурофиа раҳбарияти ҳизб ҳам иштирок кардааст.

Бо истинод ба иттилои ҲНИТ зикр мегардад, ки , Шоҳнаими Карим аз он аъзои ҳизб аст, ки қабл аз ин рӯйдодҳо Тоҷикистонро тарк карда, тайи ду сол боз дар Туркияву Эрон ба сар мебурд. Шоҳнаими Карим соҳиби панҷ фарзанд аст ва хонаводааш дар Тоҷикистон қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок карда, рӯзи 22-юми сентябр ба кори худ анҷом дод. Рӯзи 9-уми октябр дар роҳи бозгашт аз Варшава ба самти Теҳрон, ӯ аз ҷониби марзбонони юнонӣ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен боздошт шуд.

Радиои Озодӣ

Шоҳнаими Карим бо вуҷуди онки чеҳраҳои матбуотӣ набуд, аз аъзои собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта, дар солҳои гузашта “дасти рост”-и Саидабдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари аввали ин ҳизб будааст. Ӯ дар моҳи сентябри оли 2015 дар марҳилае, ки аъзои ҲНИТ дар навоҳию вилоятҳо мавриди таъқиб қарор доштанд, ба Русия ва аз онҷо ба Эрон рафтааст.