Патрулҳо натанҳо риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, балки тартибот дар кӯчаҳои пойтахтро низ назорат мекунанд.

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ танҳо дар роҳҳои протоколӣ боқӣ монда, автомашинаи Хадамоти назорати роҳ ё худ патрулҳо (ДПС) тартибот дар роҳу кӯчаҳоро назорат мекунанд. Дар пойтахт айни замон 10 адад чунин автомашинаҳо кор мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, ин лоиҳаи озмоишӣ аз якуми декабр алҳол танҳо дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор гирифт.

«Кормандони Хадамоти назорати роҳ ба ҷуз таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин ба тартибот дар кӯчаву хиёбонҳо аҳамият дода, дар сурати зарурат ба мушкилот расидагӣ мекунанд», - таъкид дошт Умарҷони Эмомалӣ.

Ба қавли номбурда, масалан агар автомашина дар ҷойи манъшуда гузошта шуда бошад, кормандони Хадамоти назорати роҳ метавонанд нисбати ронанда санад тартиб диҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар беҳтар роҳандозии кори Хадамоти назорати роҳ (ДПС) лоиҳаи «Шаҳри бехатар» низ кумак карда, яке аз ҳадафҳои аслии иқдоми мазкур кам кардани ҳолатҳои тамбашавӣ (пробка) дар роҳҳои пойтахт аст.