Дар бахши сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ба қитъаи сарҳад бо Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод зарурате вуҷуд надорад.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Тоҷикистон, шоми рӯзи 2 декабр дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.

Марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии  сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, Сардори отряд  полковник Хайриддин Аҳтамов дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок ва чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд.

Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд. Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, гарнизони Хатлон, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст, барои ҳалли чунин масъалаҳо, аз ҷумла несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи марзшикан нерӯ ва воситаҳои зарурӣ дорад.

«Аз рӯи ҳодисаи рухдода ба ҷониби Афғонистон ёддошти расмӣ супурда шуда, тибқи маълумоте, ки ба мо расид, Кобули расмӣ аллакай макони эҳтимолии ҳузури қочоқбарони марзшиканро муайян ва ҳамаҷониба талош дорад, ки онҳоро безарар гардонад», - таъкид дошт манбаъ.

Ҳамчунин овозаҳо доир ба баъди ин ҳодиса дар сарҳад гӯё дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба истилоҳ «шикор»-и сохторҳои қудратӣ нисбати шаҳрвандони кишвари ҳамсоя, ки дар ҷумҳурӣ муваққатан қарор доранд, рад шуд.

«Афғонҳо чун шаҳрвандони ҳама гуна кишварҳо дар қаламрави Тоҷикистон бар асоси қонун ҳузур доранд ва набояд ягон ҳаросе дошта бошанд», - гуфт манбаъ.