Дар натиҷаи амалиёти муштараки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб” аз интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, қочоқбарони номаълуми афғон иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба амал омадааст.

«Қочоқбарон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон паноҳ бурданд», - қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, зиёда аз 17 кило маводи сахтаъсири героин, 11 кило маводи мухадири навъи ҳашиш ва  10 кило афъюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон тафтишот идома дорад.