Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки то мусоид шудани обуҳаво дар Қазоқистон, аз сафар тариқи нақлиёти заминӣ ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи вазорат қайд мешавад, ки бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода, ки бо сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи Қазоқистон рабт дорад, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Tengrinews.kz иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабаби то 45 дараҷа хунук шудани обуҳаво, аҳолии чанде аз вилоятҳо аз тӯфон огоҳ карда шудаанд.
Гуфта мешавад, давоми рӯзҳои 22-26 январ дар як қатор вилоятҳои Қазоқистон обуҳаво то 45 дараҷа хунук шуда, аз аҳолӣ дархост шудааст, ки бо тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба тарзи рафтор дар ин ҳолатҳо шинос шаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста