Соли гузашта дар вилояти Суғд бар асари ҳодисаҳои фавқулода 195 нафар (соли 2016 - 183 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Анвар Қосимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 790 ҳолатҳои фавқулодаи гуногун (соли 2016 - 775 ҳолат) ба қайд гирифта шуда, маблағи зиёни расида аз онҳо 8 млн. 901 ҳазору 221 сомонӣ (соли 2016 - 81 млн. 731 ҳазору 890 сомонӣ)-ро ташкил дод.

Қосимов зикр кард, ки давоми моҳҳои апрел-августи соли 2017 ҳаҷми зарар аз боришоти шадид, селфароӣ ва болоравии сатҳи оби дарёи Зарафшон 3 млн. 980 ҳазору 155 сомониро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2017 дар дарёву кӯл ва обанборҳои вилоят 127 ҳодисаи ғарқшавии одамон ба қайд гирифта, бар асари онҳо 53 нафар ҳалок ва 74 нафар наҷот дода шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.