Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар шаҳри Вена (Австрия), ки дар он намояндагони кишварон-иштирокчиёни САҲА ширкат доштанд, суханронӣ намуд.

Бино ба маълумоти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ба ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода аз тарафи Котиби генералии САҲА Томас Гремингер ва раиси амалкунандаи (аз тарафи Испания) Кумитаи амнияти САҲА, сафир Виктория Гонсалес Роман даъват шуда буд.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода дар суханронии худ оид ба пешрафт ва мушкилот дар раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, инчунин дар бораи натиҷаҳои ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо САҲА дар татбиқи ин ислоҳот иттилоъ дод.

Дар робита ба ҳамкории милитсия бо ҷамоатҳои маҳаллӣ, вазир изҳор дошт: «Тоҷикистон талош меварзад, то барои шаҳрвандони кишвар, ки дар маҳалҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд шароит фароҳам оварад, то онҳо бидуни сафар намудан ба марказҳои маъмурӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ бархӯрдор гарданд».

Ӯ қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо САҲА «Участкаҳои нави намунавии милитсия» таъсис дода мешаванд. Ин гуна участкаҳо –  марказҳои милитсия мебошанд, ки дар онҳо як нафар корманди милитсия, як нафар равоншинос ва як нафар намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кор хоҳанд кард.

Раиси Кумитаи амнияти САҲА, сафир Виктория Гонсалес Роман, гуфт: «Баромади Рамазон Раҳимзода ба мо имкон медиҳад, то мо мавзӯи бисёрҷонибаи вобаста ба идоракунии бахши амният ва ислоҳоти он, инчунин ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати амнияти минтақавиро ба таври густурда муҳокима намоем».

Зикр мегардад, ки дар рафти муҳокима Рамазон Раҳимзода масоили марбут ба ҳамкории ҷомеа бо милитсия дар ҳифзи тартибот ва ворид намудани масъалаҳои гендерӣ ба раванди ислоҳоти милитсияро, ки ба ин масоил кишварон-иштирокчиёни САҲА мароқи хоса доранд, баррасӣ намуд.