Дар ноҳияи Вахш шаби 19 феврал шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, парчамро ба болои дарвозаи яке аз корхонаҳо овехтаанд, ки ба он Нусратулло Саидов, бародарзодаи собиқ пешвои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, муассиси ҲНИТ марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба гумони даст доштан дар ин амал се нафар сокинони ноҳияи Вахш боздошт шудаанд.

«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин далел санҷиш гузаронида, дигар иштирокчиёни ин амали ҷинояткоронаро ҷустуҷӯ доранд», - гуфт ӯ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Вахш ва вилояти Хатлон ин ҳодисаро алҳол расман шарҳ намедиҳанд.  Ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки аз субҳ дар тамоми роҳҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа постгоҳҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, соҳибкор Нусратулло Саидов дар озодӣ аст ва хабарҳо дар бораи дар боздошт будани ӯ ҳақиқат надорад. Нусратулло Саидови 45-сола зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш дар ин навори видеоӣ гуфтааст, ки воқеан ҳам муддати кӯтоҳе боздошт шуда раҳо гардид ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад.

Гуфта мешавад, мақомоти интизомӣ дар ҷамоати "Тоҷикобод"-и (Туркманистони қаблӣ) ноҳияи Вахш, 5 парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд. Рӯзи 19 феврал мақомот дар бораи боздошт ва бозпурсӣ шудани 10 нафар хабар доданд.