Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ - Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

1/8

Гуфта мешавад, Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қушунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст.

Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада, бо пахши мустақим бе ягон мамоният тавассути маниторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.

Зикр мегардад, ки бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ пешбинӣ гардидааст.

Ба замми ин нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Марказ пайваст мегарданд ва ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муаянгардида интиқол ёбад ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.