Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати Покистон таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози миллии мубориза бо терроризм Эҳсон Ғанӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар мулоқот ҳамчунин муовини вазири корҳои дохилии Покистон Муҳаммад Сиддиқ ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро низ ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода омодагии Тоҷикистонро ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир изҳор намуд.

Дар навбати худ Эҳсон Ғанӣ дастовардҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи таъмини сулҳу амният дар кишвар зикр намуда ба тамоми касоне, ки барои рушди ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.