Имрӯз оид ба масъалаи безарар гардонидани иншооти муҳандисӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

«Ба гумони ғолиб эҳтимол меравад, ки тозакунии қаламрави минакоришуда дар сарҳади давлатҳо нимаи моҳи май оғоз шавад», - қайд кард манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз пешниҳоди маълумот дар бораи айни замон боқӣ мондани минаҳо маҳз дар кадом қитъаҳои сарҳад худдорӣ намуд.

«Чунин маълумот махфӣ аст, лекин ман бовар дорам, ки вақте ҷараёни поккорӣ аз минаҳо оғоз мегардад, намояндагони ВАО-ро барои мушоҳида даъват мекунанд», - таъкид дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 27 майи соли 2016 лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо»-ро дастгирӣ кард.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон директори Маркази миллии масоили минаи Тоҷикистон Муҳаббат Иброҳимзода қайд кард, ки тайи 20 соли ахир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 нафар тоҷикистониён ҷароҳат бардоштаанд. «Дар ҷараёни безараргардонии минаҳо 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд», - гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки дар ин давра дар Тоҷикистон 16,3 километри мураббаъи қаламрав аз мина поккорӣ ва ҳудуди 56 ҳазор мина ва 41 кило маводи тарканда безарар шудаанд. «Айни замон дар кишвар қаламрави андозааш 10,3 ҳазор километри мураббаъ, асосан дар ноҳияҳои тобеи марказ ва қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон аз мина безарар гардонида нашудаанд», - иброз дошт номбурда.

Дар посух ба саволи Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир ба мушкилоти поккории мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, М. Иброҳимзода зикр кард, ки то ҳалли масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳаллу фасли мушкилоти мазкур ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз солҳои 90-ум бо ташаббуси Тошканд қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон минакорӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 март ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 корҳои аз мина безарар гардонидани сарҳади умумиро ба итмом мерасонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.