Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Пекин рафт.

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон имрӯз, 24 апрел атрофи масъалаҳои рӯзмарраи таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Дар машварат тадбирҳои муштарак оид ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои вокуниши муносиб ба таҳдиду хатарҳои нав дар минтақаи зери масъулияти СҲШ баррасӣ мешаванд, хабар дод сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода.

Зимни машварат ҳамчунин аз ҳамкориҳои низомӣ дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи ҳарбӣ дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби иштирокчиёни машварат оғоз бахшидан ба фестивали мусиқӣ-ҳарбии кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай моҳи июни соли 2018 дар Чин баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.