Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадӣ (ҚС)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май дар маросиме ба муносибати 15-уми солгарди иҷрои барномаи ВОМСА ё Идораи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҷунбиши "Толибон" тасмим гирифтааст, ки бештаре аз пойгоҳҳои омӯзишиву низомии худро аз ҷануби Афғонистон ба шимоли кишвар интиқол диҳад, ки моя нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вай гуфтааст, тӯли чанд соли ахир ҷунбиши "Толибон" тарҳеро рӯи даст гирифтааст, ки тибқи он, маркази фаъолияти ин созмони террористӣ аз ҷануб ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешавад ва то ба ҳол 29 пойгоҳи омӯзишиву низомии ин созмон ба наздикии марз бо Тоҷикистон кӯчонида шудааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамзамон гуфт, тибқи иттилои ба даст омада, 6 ҳазору 825 ҷангҷӯи ҳирфаии террорист дар як ё ду километр дуртар аз марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд ва асосан намояндагони миллатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷой дода шудаанд.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбатҳояш гуфт, ки ҳифозати 1344 километр марзи муштарак бо Афғонистон наметавонад танҳо "дарди сар"-и ҳукумати Тоҷикистон бошад. Вай аз созмонҳову кишварҳои хориҷӣ барои кӯмакҳояшон дар таъмини ҳимояи марз бо Афғонистон изҳори сипос кард ва афзуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба ҳамкорӣ дар ин замина бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад.
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар зарфи 15 соли иҷрои барномаи BOMKA Тоҷикистон барои тақвияти ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 43 миллион евро дарёфт кардааст. Дар ҷараёни иҷрои 9 марҳилаи ин тарҳ бархе аз дидбонгоҳҳо ва идораҳои назорати марзӣ бунёд ё бозсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.
Ҳамчунин дар доираи ин барнома марзбонони тоҷик миқдоре аз лавозимоти фаннӣ, назири мошинҳоро харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ, то ду моҳи оянда коршиносони байналмилалӣ натиҷаи иҷрои ин тарҳро баррасӣ карда, сипас Иттиҳодияи Аврупо дар бораи идомаи сармоягузории ин тарҳ то соли 2027, тасмим хоҳад гирифт.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Usmon3 май, 2018 21:52
Мақсади Толибон чи боша