Имрӯз назди бинои сафорати Эрон дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиорҳои «Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» гирдиҳамойӣ оростанд. Миёни тазоҳургарон аксаран ҷавонон ва ҳамчунин занон ҳузур доштанд.

Ҷамъомадагон изҳор медоштанд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд».

Навори видеои ин таҷаммӯъ дар сомонаи Faraj.tj мунташир шудааст.

Аз муроҷиатҳои тазоҳургурон бармеояд, ки онҳо аз консул ва намояндагии Эрон дар Тоҷикистон талаб доранд, ки сокинони Тоҷикистонро аз Эрон ба ватан баргардонанд, то ки онҳо гумроҳ нашуда, ба амнияти кишвар хатар эҷод насозанд.

Гирдиҳамойӣ на бештар аз ним соат давом карда, сипас тазоҳургарон пароканда шуданд.

Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон ин ҳодисаро ба ҳеҷ гунае шарҳ надоданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.