Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатӣ (ХБД)-и Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», созишномаи ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон раиси  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва аз тарафи Ӯзбекистон раиси Хадамоти бехатарии давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев ба имзо расониданд.

Раиси Хадамоти бехатарии давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев имрӯз бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи пойтахт ӯро шахсан Саймумин Ятимов пешвоз гирифт.

Раиси ХБД Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев имрӯз ҳамчунин аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид намуда, бо ҷараёни бунёди ин иншоот шинос мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории Фергана, тӯли 25 соли охир дар бораи ҳамкории мақомоти амнияти Ӯзбекистону Тоҷикистон қариб ҳеҷ хабаре набуд ва дар ин муддат хадамоти махсуси кишварҳо ягон амалиёти муштарак баргузор накарда буданд.

Баъди фаъол шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳҳои гуногун вазъ тағйир ёфт. Моҳи март Ӯзбекистон бори нахуст баъди солҳои тӯлонӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ихтиёри мақомоти ҷумҳурӣ супурд, ки ба гумони содир крадани ҷиноятҳо дар кишвар мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Дар музокироти моҳи апрели соли равон дар Тошканд тадбирҳои муштарак барои мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла пешгирии фаъолиятҳои ҷинояткоронаи созмонҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгаро муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо доир ба ҳамоҳангсозии амалҳо ва татбиқи чораҳои дар ин самт мувофиқашуда ба созиш расиданд.