Дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ задухӯрди мусаллаҳонаи сарҳадбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст.

Тавре котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, баъди задухӯрди мусаллаҳона қочоқбарони афғон иборат аз 2-3 нафар ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб наоварда, аз торикии шаб истифода ва ақибнишинӣ намуда, ба тарафи кишвари ҳамсоя фирор намуданд.

«Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як адад қаиқи резинӣ, 2 адад бели идоракунӣ ва 31 кг маводи мухаддири навъи афъюн дарёфт ва мусодира шуд», - гуфт Улуғхоҷаев.

Бино ба маълумоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, соли 2017 дар марз бо Афғонистон 31 задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, 18 қчоқбар нобуд ва боз 20 қочоқбар дастгир шуда, беш аз 1700 кило маводи нашъаовар мусодира шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.