Дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён”-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ва “Тем”-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ВМКБ маросими ифтитоҳи бинои намояндагии сарҳадӣ доир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим намояндагони сафорати Британияи Кабир, Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи сохтмони бинои намояндагии сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён” ва “Тем” соли 2017 оғоз гардида аз ҷониби Британия Кабир ва Созмони Байналмиллалии Муҳоҷирати СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳо оид ба масъалаҳои сарҳадӣ маблағгузорӣ шуда, барои фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сохта ба истифода дода шуда ба стандартҳои байналмилали ҷавобгӯ мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.