Дар машқгоҳи Ҷилондии ноҳияи Шуғнони ВМКБ муддати се рӯз аст, ки тамринҳои низомии муштараки намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия идома доранд.

Машқгоҳ дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, яке аз машқгоҳҳои баландкӯҳтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, ситоди тамринҳоро сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода роҳбарӣ мекунад.

Ба ҳайати ситод ҳамчунин раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, сардорони сохторҳои қудратии ВМКБ ва намояндаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ шомиланд.

Дар ин тамринҳо то 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пойгоҳи низомиии 201-уми Русия ва намояндагони хадамоти сарҳадбонӣ, ҳамчунин сарбозону афсарони эҳтиётӣ иштирок доранд.

«Ба ин тамринҳо наздики 100 адад техникаи зиреҳпӯш, авиатсия, автомобилҳои ҳарбӣ ва артиллерия сафарбар шудааст. Ба воҳидҳои низомии иштирокчии тамринҳо шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад», - иброз дошт Маҳмадализода.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи фарзияи тамринҳо, гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳи террористӣ аз Афғонистон ба гузаштан аз сарҳади Тоҷикистон кӯшиш карда, ин кор ба онҳо қисман муясссар мешавад. Вазифаи ҳайти шахсии тамринҳо дар ин ҳолат аз ташкили мудофиаи қаламрав, зада баргардонидани ҳуҷуми гурӯҳҳо ва аз байн бурдани террористон иборат мебошад.

Барои иштирок дар тамринҳои мазкур 400 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва 80 адад техникаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз Душанбе ба ВМКБ интиқол дода шудааст.

Тамринҳо рӯзи 21 июл ба итмом расида, ба сарбозону афсарони фаъолу ба комёбиҳо муваффақшуда дар ин тамринҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон туҳфаҳои арзишманд ва медалҳо тақдим хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.