Чор нафар ҷавонони ҳанӯз чанде пеш мактабхон дар ҷануби ҷумҳурӣ дар марз бо Афғонистон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуданд. Маълум шуд, ки онҳо ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ пайвастанӣ будаанд.

- Кормандони мақомоти қудратӣ ҷавонони синни 17-18-соларо замони гузаштан аз сарҳад боздошт намуданд, - хабар дод зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии Агентии назорати маводи нашъаовар дар Кӯлоб Муҳаббат Абдуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи боздоштшудагон хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии Душанбе мебошанд, лекин маҳз кадом мактабҳо, саҳеҳ гуфта нашуд. Падару модарони онҳо зодагони ноҳияҳои минтақаи ҷануб – Шамсиддини Шоҳин ва Лахш буда, наврасон аз волидон гӯё барои аёдати хешу ақрабояшон рухсат гирифтаанд.

Дар бораи нияти ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастани онҳо кормандони мақомоти қудратӣ аз гуфтугӯҳои телефонии ҷавонон огоҳ шудаанд.

«Кормандони фаврии мақомот гуфтугӯҳои телефонии онҳоро бо намояндагони Давлати исломӣ дар Афғонистон гӯш кардаанд. Як рӯз пеш то кӯшиши гузаштани сарҳад, яке аз онҳо қитъаҳои марзро омӯхтааст, то ки барои гузаштан ҷойӣ бобу қулай интихоб кунад», - қайд кард Абдуллозода.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ҳамаи боздоштшудагон мутобиқи моддаи 401, дараҷаи 1 (Ҷалби ғайриқонунӣ ва иштироки шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ, низоъи мусаллаҳ ё амалҳои ҳарбӣ дар қаламрави дигар давлатҳо)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.