Дар робита ба ҳодисаи қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ВКД Тоҷикистон изҳор медорад, ки фармоишгар ва аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар сафҳои созмони террористии Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) қарор дошта, дар Эрон таълимоти динӣ гирифтаанд.

“Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Ҳусейн Абдусамадов тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. бармеояд, ки номбурда дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси «Қорӣ-Носир» вохӯрӣ намуда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати Ислом шомил гардидааст”, - қайд мешавад дар маълумоти дар ин робита нашршуда дар сомонаи Вазорат.

Гуфта мешавад, фармоишгари ҷиноят Убайдов Н.А., ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ ( бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад. Сипас Абдусамадов Ҳ.А. бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Носирхӯҷа Убайдов ҷинояти мазкурро бо бераҳмии махсус бо дигар шариконаш содир намуданд.

Автомашинае, ки бо он сайёҳон пахш карда шуданд
ВКД ҶТ

Бино ба маълумоти ВКД, пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Дар сомонаи ВКД Тоҷикистон, ному насаб ва суратҳои аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша нашр шудааст.

“Аслиддин Юсупов бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона бо истифода аз табар ба баногӯши корманди мақомоти корҳои дохилӣ – муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД подполковники милитсия Ҷумахон Назарзода зарба задан, безарар гардонида шуд”, - омадааст дар хабар.

1/4

Ҳамчунин зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров, Ҷаъфариддин Юсупов муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуданд.

“Ба гумони даст доштан дар содир шудани ин ҷиноят сокинони шаҳри Кӯлоб Диловар Шарипов, Ҷамшед Назаров ва сокини ноҳияи Ҷайҳун Вайсиддин Сайфиддинов ва ба гумони маблағгузорӣ ба амалҳои гурӯҳ сокини шаҳри Норак Кароматулло Ғаниев боздошт шудаанд”, - иттилоъ медиҳад ВКД.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, пас аз дидаву дониста пахш кардан ва аз по афтонидани шаҳрвандони хориҷӣ, ҷинояткорон бо мақсади куштан бо олотҳои халандаю бурранда аз қабили кордҳои калон ва табарҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол, созмони террористии Давлати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст) масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро ба дӯш гирифт. Дар ин бора SITE Intelligence Group-и амрикоӣ хабар медиҳад, ки фаъолияти иттилоотии ифротгароёнро пайгирӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.