Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дархост намуд, ки ҳангоми сафару ҳузур дар ин кишвар аз эҳтиёткорӣ кор гиранд.

Дар ин бора маълумоти расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар Данғара нашр шуд.

Намояндагии дипломатии Русия амали террористиро хотиррасон менамояд, ки бар асари он сайёҳони хориҷӣ ҳалок шуданд ва аз шаҳрвандони кишвараш даъват мекунад, ки аз сафару ҳузур доштан дар нуқтаҳои камаҳолӣ худдорӣ варзанд.

“Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони русиягӣ, ки нияти сафар ба ҷумҳуриро доранд, дархост мекунад, ки тамоми тадбирҳои эҳтиёткориро риоя намоянд ва аз сафару ҳузур дар макони камодам ва мавзеъҳои дурдаст худдорӣ кунанд”, - омадааст дар изҳороти сафорат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари бо автомашина пахш кардани сайёҳони хориҷӣ ва сипас ҳамлаи мусаллаҳона ба онҳо, 4 нафари онҳо ҳалок ва ду нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ду нафар аз фавтидагон шаҳрвандони ИМА буданд. Сафорат ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 31 июл изҳор намуд, ки барои хатари ҳузури шаҳрвандонаш дар қаламрави Тоҷикистон далел надорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.