Воҳиди махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои зудамали СААД дохил аст, дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай – «Рисолати сулҳовар-2018» иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита хабар дод, дар ин тамрин воҳидҳои Тоҷикистон аз техникаи зиреҳпӯш ва силоҳи оташфишони Русия истифода мекунанд.

Русия танкҳои Т-72, нақлиёти зиреҳпӯши БТР-80, БМП-2, ҳамчунин автомобилҳои пуриқтидори «Урал» ва силоҳи оташфишонро ба ихтиёри сарбозону афсарони тоҷик месупорад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар машқҳои бузургмиқёси СҲШ берун аз ҳудуди кишварҳо чанде аз ҳайатҳои давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Ҳиндустон бидуни аслиҳаву муҳимот ва техникаи зиреҳпӯш меоянд. Ҷониби қабулкунанда муваққатан онҳоро бо техника ва аслиҳаву муҳимот таъмин мекунад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин машқҳо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки аз 22 то 29 август дар машқгоҳи Чебаркули вилояти Челябински Русия тамринҳои муштараки зиддитеррористии фармондеҳӣ-ситодии кишварҳои узви СҲШ – «Рисолати сулҳовар-2018» баргузор мешавад.

Дар ин тамринҳо беш аз 3 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Покистон иштирок ва зиёда аз 500 адад силоҳу муҳимот ва техникаи низомӣ сафарбар мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.