Рӯзҳои 4-6 сентябр ташрифи ҳайати Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси Шӯрои марказии ҳарбӣ, узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии  Ҳизби коммунистӣ генерал-полковник Сюй Тсилян ба  Тоҷикистон дар назар аст.

Ин сафар дар доираи амалисозии қарордодҳои муҳими ҳосилшуда байни раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумуҳурӣ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби сафар Сюй Тсилян бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин аз яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон боздид мекунад.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки сафари мазкур ба эътимоди стратегии мутақобила байни Пекин ва Душанбе таҳким бахшида, ба пешрафти ҳамкориҳои судманд мусоидат менамояд.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари Шӯрои марказии ҳарбии Чин раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.