Аз чор нафари гумонбар ба гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва), ки бо аломатҳои монанд ба он ба бемористонҳо муроҷиат карданд, дар ду нафарашон бемории сӯхтанӣ ошкор шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти давлатиии назорати санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон.

Фирдавс Аҳроров, сармутахассиси шуъбаи бемориҳои хатарноки сироятии Хадамот ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки рӯзи 3 сентябр 4 нафар сокинони деҳаи Ҳуснободи шаҳри Ҳисор ба бемористони шаҳр муроҷиат кардаанд.

“Онҳо ба гумони гирифтор шудан ба бемории сӯхтанӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, - гуфт ӯ. – Танҳо дар Баҳрулло Хоҷаев ва Ситора Ҳарифова ин беморӣ тасдиқ шуд, ки дар шакли аломатҳо дар пӯст вуҷуд дошт. Ҳарду бемор муолиҷаи зарурӣ гирифта, захмҳояшон хушк ва аз бемористон рухсатӣ шуданд”.

Аҳроров қайд кард, ки аъзои оилаи Баҳрулло Хоҷаев ва Ситора Ҳарифова аз ташхис ба ин беморӣ гузашта, аз рӯи натиҷаҳои ташхис сироят дар онҳо ошкор нашуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як табиби бемориҳои сироятӣ бидуни ифшои ному насаб изҳор намуд, шакли дар пӯст вуҷуддоштаи сӯхтаниро метавон дар муддати даҳ рӯз муолиҷа намуд, лекин беморонро танҳо баъди афтидани пучакҳои сӯхтанӣ бояд рухсатӣ дод, чунки ин микроорганизм метавонад дар муҳити зист паҳн шавад. Аз ин рӯ, пучакҳоро сӯзонида, дар замин гӯр кардан лозим аст.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар беморхонаи сироятии Ҳисор хабар дод, ки ҳамон рӯз, 3 сентябр 8 нафар ба беморхона муроҷиат намуда, онҳо дарҳол ба гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ бистарӣ шуданд. Лекин Фирдавс Аҳроров ин маълумотро тасдиқ накард.

Аҳолӣ огоҳ карда шудааст

Сармутахассиси шуъбаи бемориҳои хатарноки сироятии Хадамоти давлатиии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ изҳор намуд, ки хадамот байни аҳолӣ доир ба масъалаҳои гирифторӣ ба беморӣ, аломатҳои он, сарчашма ва роҳу воситаҳои сироятёбӣ аз он, ба куҷо муроҷиат кардан зимни ошкор шудани аломатҳои беморӣ корҳои шарҳу тавзеҳдиҳӣ гузаронида, кормандони Кумитаи амнияти озуқаворӣ чорворо ваксина задаанд ва макони забҳи чорво безарар гардонида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи август 8 нафар кормандони кӯдакистони Хуҷанд ба гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ дар бемористон бистарӣ шуданд. Рӯзи 23 август ба муносибати Иди Қурбон ба онҳо гӯшти гов дода шуда, чун дар кӯдакистон тарбиятгирандагон ҳузур надоштанд, он ба ғизои кӯдакон наафтода, кормандон онро тақсим ва ба хонаҳояшон бурдаанд.

Баъдан аз Маркази Хадамоти давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд хабар доданд, ки баъди ташхис бемории сӯхтанӣ дар кормандони кӯдакистон тасдиқ нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.