Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ бинои Маркази таълимии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас азнавсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд аз наздик шинос шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат изҳор намуд, ки тӯли ду даҳсолаи охир барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини рӯзгори осудаи сокинон ва оромиву суботи кишвар, инчунин, ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 131 нафар афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро аз даст додаанд.
“Давлату Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, - таъкид дошт Президент. - Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои махсусро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамояд”.
Ба гунаи мисол ӯ зикр кард, ки танҳо дар се соли охир ба 688 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои низомӣ хонаҳои истиқоматӣ ва ҳазорҳо қитъаи замин барои бунёди манзили зист ҷудо карда шуданд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар зарфи 10 соли охир маоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 22 баробар зиёд шуда, танҳо дар ду соли охир 26 нафар афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ҷасорату мардонагӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ин ғамхорӣ дар ҳаққи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо дар оянда низ идома меёбад.
“Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки мо Қӯшунҳои сарҳадиро мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи хеле вазнину ҳассоси таърихи кишварамон дар замоне, ки одитарин шароит ва заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, ташкил кардем, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. - Ва имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор метавонем изҳор намоем, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо ба ҳайси яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ ҳоло ба як сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми Ватан табдил ёфтаанд”.
Президент қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, Донишкадаи сарҳадӣ, эскадриляи алоҳидаи ҳавоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 34 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ ва 5 қисми ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис ва бунёд карда шуданд.
“Роҳбарон ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар навбати худ, бояд вазифаи бевоситаи худ – ҳимояи давлат ва марзу буми Ватанро таъмин карда, дар айни замон ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбият, омодабошии ҷангӣ, тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии ҳайати шахсӣ, махсусан, дар самти кор бо наваскарон эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд”, - ҳидоят намуд афсарону сарбозонро Эмомалӣ Раҳмон.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста