Барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ, таҳкими тартиботу риояи қонун дар шаҳри Хоруғ, ки рӯзи 15 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят ба он ишора карда буд, Душанбе ба Хоруғ нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратиии кишварро сафарбар карданӣ нест, изҳор намуд ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки барои таъмини тартиботу таҳкими риояи қонун дар ВМКБ худи вилоят имконоти кофӣ дорад.

“Имрӯзҳо дар роҳҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ ҷиҳати бартараф кардани ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рейдҳои кормандони БДА ва мақомоти милитсияи вилоят гузаронида шуда, дар ин кор аҳолии маҳаллӣ ба мақомот кумаки назаррас мерасонад”, - қайд кард манбаъ.

1/2

Тибқи маълумоти ШБДА РВКД Тоҷикистон дар ВМКБ танҳо тайи 10 рӯзи охир дар роҳҳои вилоят беш аз 400 ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки асосан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи автомашина, риоя накардани суръати ҳаракат, идораи автомобил бидуни рақамҳои давлатии бақайдгирӣ марбут аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар марз бо Афғонистон, аз ҷумла дар қитъаи сарҳад бо ВМКБ рӯзҳои охир ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ВМКБ санаи 15 сентябр Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар минтақа, бахусус шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод.

Он замон Президент таъкид дошт, ки дар сурати иҷро нашудани дастур, метавонад аз Қувваҳои мусаллаҳ истифода кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.