Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки мулоқотҳои имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меорад.

Зимни мулоқот масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои трансмиллӣ ва ташкилёфта, шиддатнокии таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзадаи олам, оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои сиёсӣ ва талафоти ҷонии аҳолии осоиштаи ин давлатҳо изҳори нигаронӣ карда, ҳамгироии муштараки кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, барои таъмини амният дар қаламрави давлатҳо ва минтақа зарур шумурда шуд.

Ба нақши калидии Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Ассотсиатсияи байналхалқии прокуророн дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, пурқувват кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок аз масъалаҳои дигару муҳими мулоқот буданд.