Айни замон корҳои поккории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мина дар самти шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд ҷараён дорад. Дар тозакунии сарҳад аз мина ба минатозакунон (сапёрон)-и ӯзбек мутахассисони тоҷик кумак мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КДАМ Тоҷикистон, подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, пеш аз оғози корҳои поккории марз аз мина гурӯҳи муштараки ҳукуматҳои ҳарду кишвар, ки ба он намояндагони Қушӯнҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиа ва Маркази миллии масоили минаи Тоҷикистон шомил буданд, бо харитаи аз ҷониби Тошканд пешниҳодшуда дар бораи қитъаҳои минкоришудаи сарҳад шинос шуданд.

Дар ҳамин ҳол, маълумот дар бораи айни замон боқӣ мондани минаҳо маҳз дар кадом қитъаҳои сарҳад махфӣ боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 март ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 корҳои аз мина безарар гардонидани сарҳади умумиро ба итмом мерасонанд.

Ӯзбекистон қитъаҳои кӯҳистони сарҳад бо Тоҷикистонро солҳои 90-уми асри гузашта минкорӣ карда буд. Он замон Тошканди расмӣ ин амалашро чунин шарҳ дода буд, ки гӯё воридшавии ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба қаламраваш пешгирӣ карданист.

Тибқи маълумоти Маркази миллии масоили минаҳои Тоҷикистон, тайи 20 соли ахир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 нафар тоҷикистониён ҷароҳат бардошта, дар ҷараёни безараргардонии минаҳо 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.