Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар гузориши телевизионии шоми рӯзи 10 октябр дар шабакаи марказии давлатӣ пахшшуда вазъи ҷиноятпешагӣ дар ВМКБ-ро маҳкум намуд.

Дар гузориш аз амалиёти махсуси шаби 2 октябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, дар ноҳияи Шуғнон сухан рафт. Ин ҷо бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи Тоҷикистон, ки аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ 4 автомати Калашников ва 25 кило маводи нашъаоварро интиқол доданӣ буданд, задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад. Созмондиҳандагони ин ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд.

КДАМ дар гузориш таъкид дошт, ки “агар ҳукумат ва аҳолии ВМКБ ҳамроҳ бо ҷинояткории муташаккилона ҷиддӣ мубориза набаранд, садҳо нафар аз ин офат ҳалок мешаванд”.

“Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи ВМКБ тавре худро вонамуд мекунанд, ки гузаштаро фаромӯш карда, мисли ҳамаи шаҳрвандони қаторӣ зиндагӣ доранд, лекин далелҳо гувоҳи баръакси ҳоланд”, - қайд шуд дар гузориши телевизионӣ.

Ба гунаи мисол дар гузориш зикр гардид, ки тайи 5 соли охир аз аҳолии ВМКБ беш аз 1500 адад силоҳи оташфишон мусодира шуда, 235 нафар сокинони вилоят барои даст доштан дар ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа маҳкум шудаанд.

Итминон дода шуд, ки имрӯз ҳам як миқдор аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ то ҳол дар дасти баъзе гурӯҳҳои аҳолии вилоят нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ВМКБ мусодираи силоҳ ҷараён дорад

Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҷараёни ихтиёрӣ супурдани аслиҳаи оташфишон, ки ғайриқонунӣ дар ихтиёри аҳолии вилоят нигаҳдорӣ мешавад, идома дорад.

Он баъди сафари президенти Тоҷикистон ба ин вилоят оғоз гардид. Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод, ки 16 октябр ба итмом мерасад.

Ҳукуматдорони ВМКБ то имрӯз беш аз 100 адад силоҳи оташфишонро аз аҳолӣ мусодира намуданд. Ин силоҳ баъди суҳбату вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳолӣ ихтиёрӣ супурда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.