Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо рӯзи 12 октябр дар Тошканд бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вомехӯрад.

Дар пойтахти Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласа, дар Тошканд Шералӣ Мирзо як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Дар ҷаласаи Тошканд, баррасии 20 масъала, аз ҷумла вазъ дар Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки муқовимат бо терроризми байнулмилаӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ байни кишварҳои узви Иттиҳод, баргузории чорабиниҳои муштарак ба муносибати 75-солагии галаба дар ҶБВ ва ғайра дар назар буда, ҳамчунин дар доираи фаъолияти умумии Шӯро як қатор санадҳо қабул ва имзо мешаванд.

Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.