Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ваъда дод, ки ба ҳодисаи шаби 5 ноябр рухдода дар Хоруғ расидагӣ мекунад.

Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки барои таҳқиқи ҳодисаи тирпарронӣ комиссияи махсус таъсис дода мешавад.

“То таъмини тартибот ва волоияти қонун посгоҳҳои милитсия дар Хоруғ боқӣ мемонанд. Сокинони маҳаллӣ набояд ба фаъолияти ин посгоҳҳо халал расонанд. Дар сурати риоя нашудани ин талабот, аз ҷониби кормандони БДА чораҳои муассир андешида мешавад”, - қайд мешавад дар маълумоти саҳифаи мақомоти давлатии ВМКБ дар Facebook.

Дар ҳамин ҳол, ситоди байниидоравии таъмини тартиботу амният дар ВМКБ масъулияти тирпарронӣ дар Хоруғро ба дӯши яке аз саркардагони ғайрирасмии ҷавонон – Хурсанд Мазоров вогузор намуд.

Дар гузориши видеои ситод гуфта шуд, ки шаби 4 ба 5 ноябр як гурӯҳ ҷавонони Хоруғ таҳти ҳидояти Хурсанд Мазоров кӯшиш кардаанд, ки ба фаъолияти посгоҳи БДА дар маркази Хоруғ халал расонида, ба а автомашинаи роҳбари посгоҳҳои БДА ҳамла кардаанд.

“Дар натиҷа роҳбари посгоҳҳои БДА нисбати ҳамлагарон аз силоҳи пневматикӣ истифода карда, баъдан ҷавонон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - қайд мешавад дар навори видео.

Мақсади ҷавононро дар ситод “вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва қатъи фаъолияи посгоҳҳои расмӣ” унвон мекунанд. Ному насаби “роҳбари посгоҳҳои БДА” дар маълумоти расмӣ зикр намешавад, лекин маълум аст, ки сардори Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и ҷумҳурӣ генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода сӯи сокинон тир кушодааст.

Дар шаҳри Хоруғ шаш посгоҳи муваққатии БДА амал мекунад. Дар ситоди байниидоравӣ огоҳ кардаанд, ки дар сурати ҳамла, таҳдид ё эҷоди монеъа ба фаъолияти ин посгоҳҳо мутобиқи моддаҳои 237 (Авбошӣ), 329 (Таҳдид ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ ва моддаи 15-и қонун дар бораи милитсия муҷозот пешбинӣ шудааст.

Хурсанд Мазоров яке аз 7 нафарони пешвои ғайрирасмии ВМКБ мебошад, ки санаи 22 октябр назди ситод уҳдадор шуданд, ки аслиҳаро супурда, ба амалҳои ғайриқонқнӣ машғул намешаванд.

Худи ҷабрдидагон воқеаро ба тарзи дигар шарҳ медиҳанд. Ба гуфтаи сокини 31-солаи Хоруғ Субҳон Ҳамзалиев, шаби 5 ноябр ӯ ҳамроҳи волидонаш аз хонаи хешовандонаш бармегаштааст. Назди хонаашон ҳамроҳи бачаҳои ҳамсояҳо ӯ меистад. Баъди чанде назди онҳо автомашинаи Mercedes омада, ногаҳон аз он тирпарронӣ шурӯъ мешавад, ки дар натиҷа ду кас ҷароҳат мегиранд. Сокинони маҳаллӣ шахси тирпааронида – сардори ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзодаро шинохтаанд, ки пештар таппончаашро гирифта, мили онро ба сӯи одамон равона карданро дӯст медошт ва боре ба минивэн назди посгоҳи гузаргоҳи марказии Хоруғ оташ кушода буд.

Рӯзи дигар, 6 ноябр сокинони шаҳри Хоруғ алайҳи ҳузури воҳидҳои иловагии сохторҳои қудратӣ дар минтақа ба гирдиҳамойи баромаданд.

Сокинони шаҳр Хуршед Муҳаммадзодаро дар он айбдор медонистанд, ки бидуни сабаби ҷиддӣ ба сӯи аҳолии осоишта ттир кушода, онҳоро таҳқир мекунад.

Зимни гирдиҳамойӣ модари яке аз ҷавонони захмишуда ҳангоми тирпарронии шабона ҳикоят кард, ки худаш шоҳиди он будааст, ки чӣ гуна намояндаи воҳиди қудратӣ бидуни ягон асос ба сӯи писараш тир парронидааст.

“Агар писари ман айбдор бошад, бигзор ба шуъба мебурданд. Пеши чашмони ман ба ӯ тир паррониданд. Имрӯз сӯи ӯ тир холӣ карданд, пагоҳ сӯи дигарон. Ман модарам, мо -модарон аз фарзандони худ дар хавотирем”, - иброз дошт зан.

Дар навбати худ раиси нави вилоят Ёдгор Файзов назди гирдиҳамомадагон баромада, ба ҷабрдидагону наздикони онҳо пешниҳод намуд, ки ба ҷойи ҳодиса рафта, асли воқеаро муайян кунанд. Аммо эътирозгарон талаб карданд, ки намояндагони сохторҳои қудратӣ худашон ба майдони марказӣ омада, назди мардум посух гӯянд.

Ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини тартибот ва амният дар ВМКБ баъди аз ҷониби президент мавриди интиқоди шадид қарор гирифтани ҳукуматдорони маҳаллӣ таъсис дода шуд. Сарвари давлат талаб карда буд, ки муддати як моҳ масъалаи ҷинояткорӣ дар вилоят ҳаллу фасл ва ба амалҳои ғайриқонунӣ хотима бахшида шавад.

Моҳи октяр ситод дар бораи чорабиниҳои мусодираи аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ аз аҳолӣ ҳисобот дода, раиси нави вилоят Ёдгор Файзов барои иҷрои талабҳои президент вақти зиёдтарро дархост намуд. Баъди ин дар шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони ОМОН посгоҳҳои иловагии БДА гузошта шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.