Дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маросими тантанавӣ дидбонгоҳи нави “Файзободқалъа” ба истифода дода шуд, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири замонавӣ аст.

Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ    генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси ноҳия Панҷ Сайфиддинзода Маҳмадюнус ва намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар баромадҳои худ онҳо таъкид карданд, ки садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати меҳварии ҳар як хизматчии ҳарбист. Зикр намуданд, ки ин сохтори низомӣ зодаи истиқлолият буда, дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб меравад. Бо тамоми ҷузъу томҳояш аз рӯзҳои аввали таъсис то кунун уҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ муваффақона иҷро намуда истодааст.

Дидбонгоҳи нави сарҳадии «Файзободқалъа» таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои утоқҳои корӣ ва хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.

Бинои дидбонгоҳ бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар муддати кутоҳтарин сохта, таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои тамоми шароитҳо ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.

Зикр мегардад, ки дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Панҷ барои ҳайати шахсӣ барномаи консерти намоиш дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.