Вазъи номуътадили Бадахшон ба мазҳаб ва забон ҳеҷ рабте надошта, аз шароити иҷтисодӣ-иҷтимоӣ бештар вобаста аст.

Ин буд хулосаи коршиносони дохиливу хориҷӣ, ки дар мизи гирди Институти омӯзиши масъалаҳои ҷанг ва сулҳ ташкилкарда вазъи ВМКБ-ро мавриди таҳлил қарор доданд.

Се моҳ пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ВМКБ вазъи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақаро танқид намуд. Пас аз интиқоди президент роҳбари вилоят ва чанд шаҳру ноҳияҳо, сардорони мақомотҳои интизомии шаҳру вилоят иваз карда шуданд. Дар вилоят комиссияи махсуси байниидоравӣ таъсис гардид ва аз гуруҳҳои силоҳбадаст даъват карда шуд, ки дар муддати як моҳ силлоҳҳояшонро супоранд.

Мазҳаб омили низоъангез нест!

Коршиносоне, ки дар мизи гирд иштирок доштанд, иброз намуданд, ки мазҳаб ва забон ба вазъи кунунии ВМКБ ҳеҷ рабте надошта, омили аслии вазъи кунунӣ иқтисодиву иҷтимоӣ аст.

Рустам Азизӣ, муовини аввали директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар заминаи гуногунии мазҳабӣ ё забонӣ то имрӯз байни сокинони ВМКБ ва минтақаҳои дигари кишвар ягон муноқиша ба қайд гирифта нашудааст ва мазҳаб ё забон наметавонад ҳамчун омили низоъангез муаррифӣ гардад: “Бархе қувваҳо мехоҳанд ба вазъи феълии Бадахшон тобиши мазҳабӣ диҳанд ва бо ин роҳ низоъ ба вуҷуд оранд. Аммо ин ғайриимкон аст, чун мушкили аслӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар дигар митақаҳои кишвар низ ҷой дорад”.

- Пайрави ҷараёни исмоилия будани сокинони Бадахшон ҳеҷ гоҳ сабаби эъҷоди низоъ нашудааст ва наметавонад бошад, -гуфт коршиноси масоили динӣ Маҳрамбек Маҳрамбеков ва илова намуд, -Қисме аз мардуми тоҷик аслан намедонанд, ки фарқи мазҳаби суннӣ ва равияи исмоилия чӣ аст. Онҳо парвои мазҳаб надоранд. Ин кори дасти ифротиҳо аст, ки мехоҳанд байни тоҷикон низоъ ангезанд.

Рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ омили камшавии ҷинояткорӣ дар Бадахшон

Коршиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло ба он назар аст, ки дар сурати рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят сатҳи ҷинояткорӣ низ кам мешавад ва субот дар ин минтақа таъмин мегардад: “80 дарсади буҷаи вилоят аз ҳисоби буҷаи марказӣ ва 20 дарсади он аз ҳисоби андозҳо ғанӣ гардонида мешавад. Ин таносуб бояд тағйир дода шавад. Агар ба вилоят технологияи нав ворид карда шавад, имконияти рушди вилоят хеле зиёд аст”.

Дар баробари ин, Рашид Ғанӣ Абдулло таъкид мекунад, ки Бадахшонро бояд нафари соҳибэҳтиром роҳбарӣ намояд. Ба андешаи ӯ, мардуми ин вилоят нисбати президент Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хоса доранд, аммо роҳбарони сатҳи вилоят дар аксар ҳолат наметавонанд ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд ва ин боиси норозигии мардум аз кори мақомоти маҳал гардидааст. Аз ин сабаб, нафаре бояд роҳбари ин вилоят бошад, ки мушкили иҷтимоии онҳоро ҳал карда тавонад.

Бояд гуфт, ки дар пайи тағйироти кадрӣ Ёдгор Файзов раиси вилоят таъйин гардид. Ӯ то ин замон раҳбари бунёди Оғохон дар Тоҷикистон буд ва пас аз раиси вилоят таъйин шудани ӯ, ба андешаи таҳлилгарон, вазъ дар шаҳри Хоруғ муътадил шуд.

Корманди илмии Институти тадқиқоти муосири Донишгоҳи миллии Авруосиё Габит Конусов аз Қазоқистон таъйини Ёдгор Файзов ба мақоми раиси ВМКБ-ро нишони майли ҳукумат ба муколама ва ҳалли мусолиҳатомези мушкил дар Бадахшон маънидод мекунад.

-Агар мо ҳаводиси соли 2012 ва имсолро муқоиса кунем, маълум мегардад, ки вазъ ба самти мусбат ҷараён дорад. Соли 2012 ба Хоруғ нерӯҳои зиёди ҳарбӣ ворид карда шуд, аммо имсол танҳо президент Эмомалӣ Раҳмон рафт ва норозигии худро иброз намуд. Дар як-ду моҳ вазъ дар ин минтақа тамоман дигар шуд,-гуфт Габит Конусов.

Устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ Дониёр Қарабоев аз Қирғизистон низ муколамаро роҳи ҳалли мушкил медонад. Ӯ гуфт, мақомотро зарур аст, ки “натанҳо бо ашхоси таъсиргузори Бадахшон, балки бо кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ муколама намояд. Дар баробари ин, сокинони Хоруғ ва намояндагони мазҳабии минтақа низ бояд бо мақомоти давлатӣ ҳамкории зич дошта бошанд”.

То имрӯз коршиносон аз шарҳи вазъи ВМКБ худдорӣ менамуданд ва ин маротибаи аввал аст, ки таҳлилгарон андешаҳои худро баён медоранд.

Ҳоло, бо гузашти се моҳ аз сафари президент ба ВМКБ ва тағйиротҳои кадрӣ вазъ дар Бадахшон муътадил аст. Чанде аз пешвоёни ғайрирасмии шаҳри Хоруғ, ки гуфта мешуд сабабгори аслии эъҷоди нооромӣ дар минтақа ҳастанд, ба Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ сафарҳо анҷом дода, ба Хоруғ баргаштанд.