Дар шаҳри Остона вохӯрии муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Талгат Жанжуменов бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализода доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо созишномаро байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи расонидани кумаки бебозгашти низомӣ-техникӣ ба Тоҷикистон ба имзо расониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ояндаи наздик Остона ва Душанбе номгӯи амволи ҳарбии додамешударо мувофиқа мекунанд.

Қаблан Қазоқистон ба сифати кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон дастгоҳҳои ҷӯяндаи минаҳо, иктишофи кимиёӣ, занбарҳои санитарӣ, зарфҳо барои захираи об ва дигар таҷҳизот дода буд.

Ғайр аз ин, дар созишнома таҳсил ва омода кардани афсарони ояндаи тоҷик дар мактабҳои олии низомии Қазоқистон низ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.