Тайи наздики 40 рӯзи охир дар сафҳои Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон се ҳодисаи пурсарусадо ба вуқӯъ пайваста, лекин мақомоти сарҳадбонӣ то имрӯз онҳоро ба ҳеҷ гунае шарҳ надоданд. Мақомоти раҳбарии Қушӯнҳои сарҳадӣ ин ҳодисаҳои фавқулодаро на тасдиқ мекунанду на инкор.

Инак, бонавбат ба шарҳ мепардозем

Дар натиҷаи садамаи нақлиёти рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак бар асари бархӯрди автомашинаи хизматии тамғаи «Toyota RAV-4»-и сарҳадбонон ба автомашинаи мусофиркаш (маршрутка) ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

ВАО хабар доданд, ки дар робита ба ин ҳодиса ду афсари Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд. Лекин ба журналистон маълумоти расмӣ пешниҳод нашуд.

Ҳодисаи дигари фоҷеабор дар яке аз дидбонгоҳҳои дастаи сарҳадбонони Хоруғ санаи 7 декабр рух дод: аз аслиҳаи хизматии худ – автомати Калашников сарбоз лейтенати 22-соларо парронд, ки дар натиҷа афсар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Сарбоз боздошт шудааст.

Як манбаъ дар сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз рӯйи далели куштори афсар дар Сарпрокупратураи ҳарбии Тоҷикистон тафтишот оғоз гардида, сабабҳои рух додани ҳодиса мавриди таҳқиқи қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ варзиданд.

Санаи 4 январ афсари Қушуӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳин (пештара Шӯрообод)-и ҳаммарз бо Афғонистон ба ҳалокат расид. Зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Суханвар Олимов дар задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон захми марговар гирифт.

Ҳамхизматонаш баҳри наҷоти ӯ талош варзидаанд, ки ҳарчи зудтар ӯро ба беморхона расонанд, вале ӯ дар роҳ мефавтад. Ба тафтиши ҳодиса айни замон прокуратураи ҳарбӣ машғул аст.

Дар бораи ҳалокшуда маълум аст, ки ӯ ҳамагӣ чанд моҳ пеш дар дидбонгоҳи "Баҳорак"-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба хизмат оғоз кардааст.

Рӯзи аввали соли нав дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қочоқбарони афғон нимаи рӯз ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, як чӯпони маҳаллӣ – Тӯрахон Нурматови 42-соларо бо худ бурданд.

Қаблан низ ҳодисаҳои рабудани сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон рух дода буданд. Маъмулан афғонҳо пайвандону наздикони тоҷиконеро рабудаву гаравгон мегиранд, ки барои маводи нашъаовар аз онҳо қарздоранд.

Далелҳои дар боло зикршударо низ дар Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон то ҳол шарҳу тавзеҳи расмӣ намедиҳанд.