Лоиҳаи Барномаи байнидавлатии ҳадафнок оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳия ва ба муофиқаи дохилидавлатӣ фиристода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

Дар муҳлати се моҳ ҳамаи кишварҳои узви Созмон - Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд хулосаҳои худро дар мавриди ин барнома ба котиби СААД пешниҳод намоянд.

Баъди аз ҷониби ҳамаи давлатҳои узви Созмон дастгирӣ ёфтани барномаи ҳадафнок, Тоҷикистон барои таҳкими сарҳадаш бо Афғонистон ба сифати воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, таҷҳизоти мушоҳидаи шабона (дурбинҳои шабона), техникаи зиреҳпӯш ва автомобилӣ кумак гирифта метавонад.

Қобили зикр аст, ки 23 сентябри соли 2013 Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Сочи тасмим гирифт, ки барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон кумаки низомӣ-техникӣ мерасонад.

Он замон пас аз шунидани гузориши Дабири кулли СААД Николай Бордюжа доир ба таҳқиқи вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон, сарони кишварҳои Созмон тасмим гирифтанд, ки роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пурзӯр кардани посбонии ин қитъаи марзи минтақаи фарогири Созмон мувофиқи мақсад аст.

Зикр гардида буд, ки бар асоси дархости Тоҷикистон, кишварҳои узви СААД дар муҳлати се моҳ мувофиқи имкони худ ба сарҳадбонони ин кишвар бепул кумаки низомӣ-техникӣ мерасонанд.

Аммо бо гузашти панҷ соли минбаъда баҳри таҳкими марзҳои ҷанубии Созмон ба Тоҷикистон ҳеҷ кумаки назаррасе нарасид. Танҳо Беларус барои сарҳадбонони тоҷик як миқдор сарулибоси ҳарбӣ фиристода, Арманистон Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо якчанд автомашинаи боркаш таъмин намуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.