Аз рӯзи 20 январ то ҳол ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд муваққатан манъ аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS.

Гуфта мешавад, роҳ бинобар сабаби барфрезии бошиддат дар масири роҳ, инчунин тармафароӣ дар қитъаҳои роҳ, хосса аз километри 62 то 73  баста шудааст. “Аз дирӯз дар ин қитъа 30 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд”, - гуфтанд дар ширкат.

Барфрезӣ дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ идома дошта, эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ аз эҳтимол дур нест. Дар роҳ техникаи махсус машғули кор аст.

“Қарори манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар роҳи мазкур аз ҷониби ситоди махсус қабул мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони ширкати IRS, Вазорати нақлиёт, ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шомиланд”, - қайд карданд дар хадамоти матбуот.

Ҳоло маълум нест, ки кай ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ иҷоза дода мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рўзҳои 21-22 январ дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ бориши зиёди барф дар назар буда,, хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад.

1/3

Дар маълумоти Кумита қайд мешавад, ки то рӯзи 20-уми январ 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шуда, дар ин робита ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ағбаи Қизил-Арт ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Дар иртибот ба мушкилоте, ки ҳавои барфӣ ба миён овардааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии мамлакат ва меҳмонони гиромии он ба як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад аз равуои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ба ронандагоне, ки дар ҳамин рӯзҳои вазнину сахт сафар доранд, чанд тавсия додааст, ки ба таъмини амнияту бехатарии ронандагону мусофирон мусоилат менамояд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.