Дар муқоиса бо соли 2017 соли гузашта дар қаламрави маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ сатҳи ҷинояткорӣ 30% поин рафт, гуфт зимни нишасти матбуотии рӯзи 29 январ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар давраи аз охири моҳи сентябри соли гузашта то нимаи моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 400 адад аслиҳае, ки дар дасти аҳолии шаҳри Хоруғ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешуд, мусодира гардид.

Прокурори генералӣ изҳор дошт, ки ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба таъмини волоияти қонун, ки тирамоҳ дар қаламрави ВМКБ таъсис дода шуд, ба кораш идома дода истодааст.

“Дар ВМКБ, аз ҷумла шаҳри Хоруғ тинҷиву оромӣ ҳукмфармо буда, вазъ зери назорати ҳукуматдорон аст”, - қайд кард Юсуф Раҳмон.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ зикр кард, ки айни замон ба маблағи умумии беш аз 10 млн. сомонӣ қарзҳои батаъхирафтодаи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар ВМКБ баргардонида шуда, боз минбаъд пардохти қарзҳои муҳлаташон гузашта дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ зарур аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.