Соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 6 кас ҳалок ва 7 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар майдони сохтмон бар асари ҳодисаҳои нохуш 6 талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд, хабар дод зимни нишасти хабарӣ Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ӯ қайд кард, ки миёни фавтидагон ду шаҳрванди Чин ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба гуфтаи сардори Хадамот, ҳодисаҳои нохуш дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо сабабҳои гуногун рух дода, риоя накардани талаботи оддии техникаи бехтарӣ аз ҷумлаи маъмултарини онҳост.

Аз ҷумла, иброз дошт ӯ, шаҳрвандони Чин талаботи техникаи бехатариро ҳангоми истифодаи маводи тарканда зимни корҳо риоя накардаанд.

“Соли 2018 дар корхонаву ташкилот ва иншооти гуногуни мавриди сохтмон қарордошта дар маҷмӯъ бар асари 31 ҳодисаи нохуш 20 нафар ҷониби худро аз даст дода, боз 20 каси дигар ҷароҳат бардоштанд”, - илова кард Санъат Раҳим.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.