Айни замон ҳамаи роҳҳои мошингард байни минақаҳои Тоҷикистон барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бозанд: рӯзҳои истироҳат роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим аз тарма тоза карда шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингарди минтақаи кӯҳистони кишвар хатари сангреза ва тармафароӣ боқӣ мемонад.

“Айни замон қитъаи алоҳидаи роҳи мошингарди маҳаллӣ байни ноҳияи Рӯшон ва водии Бартанг бинобар сабаби фаромадани тарма баста аст”, - қайд кард номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, баҳри таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва кумаки саривақтӣ ба онҳо дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳои пурхатар мунтазам таҳти назорати гурӯҳҳои наҷотдиҳандагони зудамали Кумита қарор доранд.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.