Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт бонавбат – тибқи ҷадвали таҳияшуда дар фосилаҳои вақти муайян ба ҳарду самт ба роҳ монда шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, барои гузаронидани корҳои бартарафсозии оқибатҳои лағзиши тарма ва тоза намудани роҳҳои мошингард аз ҷониби хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи  «IRS» техникаи махсус ҷудо карда шудааст, ки пайваста саргарми поксозии масири ҳаракати мошинҳо аз ғарами барфҳо мебошанд.

Гуфта мешавад, зарфи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ  44 ҳодиса ва дар ноҳияи Тоҷикобод 4 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёриҳои фаврии аввалин дар ҳолатҳои фавқулода, навбатдории шабонарӯзии наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолии мамлакат ва меҳмонони кишвар дархост намудааст, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои тармахез ва роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки ҳангоми сафар ҳамаи қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд, зеро шитоб дар чунин роҳҳо омили аслии хатар ба ҷони худ ҳамсафаронашон аст.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.