Дар робита ба муноқишаҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳорот пахш намуда, дар он қайд мешавад, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда  вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад.

“14 марти соли 2019 шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд, - омадааст дар изҳорот. - Тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсой, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони ҶТ маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда,  ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд. Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд”.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардида, шаҳрванди дигари Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, соли таваллудаш 2003, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарӣ мебошад.

“Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, соли таваллудаш 1970 ва Воҳидов Абдуманон, соли таваллудаш 1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд”, - қайд мешавад дар изҳорот.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, бараъло ба назар мерасад.

Бино ба маълумоти дарёфтии “Азия-Плюс” аз сокинони Ворух, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Исфара Муҳаммадшоҳ Искандарзода муддати тамоми рӯзи панҷшанбе дар Ворух қарор доштааанд. Онҳо рӯзи 14 март барои гуфтушунид бо ҷониби Қирғизистон ба ин ҷо омада будаанд.

Шоми дирӯз онҳо қаламрави Ворухро тарк кардаанд. Пештар тарк кардани ин қаламрав ба онҳо муяссар нашуда буд, зеро роҳ ба Исфараро қирғизҳо баста буданд, аммо ба ҳар ҳол, раиси вилояти Суғдро ба гузаштан иҷоза додаанд.

Ғайр аз ин, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода шоми дирӯз ба Исфара омада, сипас ба деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ рахсипор шуд ва бо вазъ аз наздик шинос шуда, ба Исфара баргашт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати шаҳри Исфара.

Имрӯз дар Исфара баргузор шудани гуфтушуниди ҳайатҳои ҷонибҳо дар назар аст. Ҳайати Тоҷикистонро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Рӯзи 14 март дар ин маврид гуфтугӯи телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков доир гардида, ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо оид ба тафтишоти ҳамаҷонибаи низоъ дар сарҳад ва ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он супоришҳои дахлдор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 13 март, рӯзи оғози муноқиша, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, наздику 30 нафар захмӣ ва ҷароҳатҳо бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.