Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 28 март дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ба пойтахти Ӯзбекистон сафар мекунад.

Дар кори ҷаласаи мазкур баррасии вазъ дар сарҳадҳои давлатҳои узви Иттиҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоилҳои ҷараёни ояндаи он дар назар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

Фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳо баррасии Барномаи ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳодро дар самти таҳкими амният дар сарҳадҳо барои давраи солҳои 2021-2025, тартиби омодагӣ ва баргузории амалиётҳои махсуси муштараки марбут ба посбонии сарҳад дар ин давра ва лоиҳаи Нақшаи кори Шӯроро дар соли 2020 дар нақша доранд.

Иштирокчиёни машварат ба ташкили кори омодагӣ ва баргузор намудани Эстафета дар сарҳадҳои кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанаии солҳои 1941-1945 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.

Дар ҷараёни саафар ба Тошканд дидору гуфтушунидҳои дуҷониба Р.Раҳмоналӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла зимни мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон масъалаи густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо байни нерӯҳои сарҳадбонии ҳарду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.